Варзиш гарави саломатист

image-0-02-0

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаю бунёдкорона ва тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷавонон мусобиқаи варзишӣ байни ҷавонон гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонии ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, дарёфти варзишгарони бомаҳорат, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни ҷавонон мебошад. Дар мусобиқа иштирокчиён аз рӯйи 3 намуди варзиш: волейбол, шоҳмот ва тенниси рӯйи миз қувваозмоӣ намуданд.

Аз рӯйи ҳар як намуди варзиш ғолибон муайян гардида, бо Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич қадршиносӣ гардонида шуданд. Инчунин, ғолибони мусобиқа барои иштирок дар спартакиадаи вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>