Зан тарбиятгари насли наврас.

Деваштич-МТМУ№13

Бо иштироки кормандони шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич дар муассисаҳои таълимии №13-14 бо омӯзгорону хонандагон оид ба тарбияи  ҳарбии ватандӯстӣ ва сафарбар намудани онҳо ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шӯъбаи занони КИ ҲХДТ Раҳбар Ёдгорова қайд намуд, ки ҳар як ҷавони бонангу номуси мо аввалан барои худ хизмати Ватан-Модарро пеша намуда, баҳри ҳимояи марзу буми он ҳамеша омода бошад. Инчунин, баҳри амалишавии ҳадафҳои сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор ва ҷонибдор бошанд. Барои пешгирӣ ҳамаи амалҳои номатлуб ва равияҳои гуногуни ифротгароӣ: аз қабили терроризму экстромизм ва шомилшавӣ ба гуруҳҳои бадхоҳ бояд бетараф набуда, ҳар яки мо дар тарбияи насли солими ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳем.

Омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии мазкур бо баён намудани андешаҳои худ нисбати ғамҳориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иҷтимоиёт, махсусан, соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>