Вохӯрии судманд

789846

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вохӯрии мушовири  Раиси КИ ҲХДТ дар вилояи Суғд, раиси собиқадорони ҲХДТ Анвар Ҷалилов бо вакилон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ, фаъолон баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Анвар Ҷалилов зикр намуд, ки омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2020 барпо мегардад, маҳаки асосии фаъолияти ҲХДТ, аз он ҷумла, ҳизбиёни вилоят мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як аъзои ҳизбро зарур аст, ки корҳои тарғиботиро байни сокинон вусъат дода, аз ҳар лаҳзаи зарурӣ истифода баранд, то фазои холие вуҷуд надошта бошад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни сокинони Ҷамоатҳои деҳот,  кумитаҳои маҳаллахонаҳо вусъат дода шуда, дар ин самт аз усулҳои «Хона ба хона», «Рӯ ба рӯ»-и фаъолият самаранок истифода баранд.

Фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ ва мобилии назди Кумитаи иҷроияи шаҳрро зарур аст, ки дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиро вусъат дода, пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун гирифта шавад. Дар ин самт фаъолияти  ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» пурзӯр карда шавад.

Инчунин А.Ҷалилов таъкид намуд, ки фаъолони ҳизб баҳри иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъул ҳастанд ва бояд дар ҷойҳо оид ба ин масъала корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат диҳанд. Ҳоло ки маракаи хеле муҳим, даъват ба сафи Артиши миллӣ идома дорад, дар ин  самт аъзоёни Кумитаи шаҳрии иҷроияи ҲХДТ, вакилон, фаъолони ҳизб корҳои фаҳмондадиҳиро байни даъватшавандагон вусъат диҳанд, то онҳо ба хубӣ дарк намоянд, ки  хидмат ба Ватан ин қарзи фарзандии ҳар  як ҷавонмарди ватандӯст мебошад.

Дар охири ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан К. Мирзоев баромад намуда, зикр намуд, ки ҳизбиёни шаҳр баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамаи чораҳои заруриро меандешанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>