Ҳизби ормонҳои миллӣ

201905

Таҳти ин унвон мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт  Дилшоҷон Рӯзиматов  ва раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мӯътабар Мадаминова бо кормандон ва аъзоёни ҲХДТ дар беморхонаи марказӣ соати сиёсӣ доир намуданд.

Баромадкунандагон дар меҳвари мулоҳизаҳои муовини якуми Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Фаттоҳзода С.С. бобати 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ки ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар ин мудат дар ҷомеа нуфузу мавқеи арзандаро соҳиб гардид, сӯҳбат намуданд.

Зикр шуд, ки баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дар назардошти назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омаданд, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиеро омода намоянд, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рӯҳониёнро муттаҳид созад

Собиқадори ҳизб Ёдгорой Маҳкамова доир ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуда, гуфт, ки ҳизб дар замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт, бо тасмимҳои созандаи Пешвои муаззами миллат таъсис ёфта, ба ҳизби пешбар ва ҳизби ормонҳои мардумӣ табдил ёфт.

Ҳамин тариқ, дарси сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии мазкур таҳти ин мавзӯъ мақсаднок баргузор карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>