Баргузории чорабинии фарҳанги “Хушдилон”

фестивали-чакан--1

Дар асоси нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон бо аъзоёни фаъоли  ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дар ҳамҷоягӣ бо мутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон аъзои фаъоли ҲХДТ Самиев Н. дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” таҳти унвони “Хушдилон” чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Гимназияи ноҳияи Шаҳристон иштирок карданд. Аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шаҳристон  аз рӯи ду шарт: одоби салом додан ва иҷрои саҳначаи ҳаҷвӣ  байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Аъзои ҳакамон ғолибонро муайян карданд ва ҷойи сеюмро ба ташкилоти ибтидоии “Гулистон” ва ҷойи дуюмро ба ташкилоти ибтидоии “Гимназия” сазовор донистанд.

Ғолиби ҷойи аввал ташкилоти ибтидоии “Ободӣ” гардид.

Шоҳҷоизаро аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и МТМУ №18   ноҳия мушарраф гардиданд ва барои иштирок дар чорабиниҳои вилоятӣ сазовори роҳхат шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>