Вохурӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ

IMG_20190430_125312

Мудири шӯъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом Ҳоҷиев Фирӯз ва вакили маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи №14 Абдуллоев Саид бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 вохӯрӣ доир намуданд. Мақсад аз вохӯрии мазкур баланд бардоштани дониши сиёсӣ, дар дили ҷавонон бештар намудани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми марзу буми аҷдодӣ ва фирефта нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро   маҳсуб ёфт.

Дар вохӯрӣ Ҳоҷиев Фирӯз ва Абдуллоев Саид доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми калонсолон, шароити қисмҳои низомӣ ва даъват ба сафи Артиши миллӣ суханронӣ намуда,  даъват намуданд, ки ҷавонон ба донишандӯзӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро ояндаи давлату миллат аз онҳо вобастагии калон дорад.

Вохӯрӣ дар фазои озоду ҳусни тафоҳум ва ягдигарфаҳмӣ доир гардида, иштирокчиён ба саволу дархостҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>