Аёдати собиқадорони меҳнат

20190430_

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили ҷашнҳои дарпешистода аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, собиқадорони ҳизб, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ, иштирокчиёни бартарафсозии садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва шахсони яккаву танҳое, ки дар зери парастории хешовандонашон мебошанд, ба ҳукми анъана даромадааст.

Аз ин лиҳоз, бахшида ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон ва Рӯзи Ғалаба аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам собиқадорони меҳнат Маҳмудов Баҳром аз Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ва Абдуллоева Инобат  аз Ҷамоати шаҳраки Меҳробод аёдат карда шуданд.

Зимни аёдат Шарифзода Аминҷон Абдуғаффорӣ ва Одилзода Рустам собиқадорони меҳнатро аз номи роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷашни бузург – Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ табрик гуфта, барояшон тансиҳативу рӯзгори хушу осударо таманно намуданд ва  аз номи Роҳбарияти ҲХДТ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Инчунин аёдатшудагон шукронаи истиқлолияти кишварро намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>