СИПОҲИ ПОСДОРОНИ ИНҚИЛОБИ ИСЛОМӢ – СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТӢ

LOGO

Мувофиқи гузориши расонаҳои Амрико Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид кардааст. Дар гузориш омадааст, ки шоха ё қаноти хориҷии сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, инчунин, теъдоде аз ашхосу ниҳодҳои марбут ба ин созмон шомили рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ хоҳанд шуд на тамоми ниҳодҳои сипоҳ. Раиси Кумитаи амнияти парлумони Эрон дар Твиттер Ҳашматуллоҳ Фалоҳатпеша нисбат ба ин иқдоми ИМА навиштааст, ки «Агар Сипоҳи посдорон ба рӯйхати созмонҳои террористии Амрико шомил шавад, мо нерӯҳои мусаллаҳи он кишварро дар қатори ДИИШ дар феҳристи сиёҳ ҷой хоҳем дод».

Аммо имрӯз ба ҳама ошкор шудааст, ки чанде аз чеҳраҳои бонуфузи собиқ ТЭТ ҲНИ ба монанди С.А. Нурӣ, М. Ҳимматзода, А. Тӯраҷонзода, Давлат Усмон, мулло Амриддин ва дигарон пайваста ба Эрон сафар намуда, курсҳои махсуси агентураро мегузаштанд ва ба Тоҷикистон омада он тарз ва усулҳои одамкуширо (масалан, дар ҳаммоми совхози «Туркманистон») амалӣ мекарданд. Нафаре аз курси 6 -моҳа гузашта дар Эрон, домулло Абдуғаффор баҳори соли 1993 дар шаҳри Тошканд дар бадани як муҳоҷири тоҷик, ки замони Шӯравӣ зиндонӣ шуда будааст, акси бо сӯзан кӯфташудаи Ленинро пайдо мекунад. Домулло Абдуғаффор ин мазлумро бо як бераҳмии махсус, рехтани оби ҷӯшомада ба даҳон ва баданаш ба қатл мерасонад. Ба ҳамаи ин ваҳшониятҳо, ки аз ҷониби аз курсҳои махсусгузашта содир мешуд, Ҳукумати махсуси Эрон роҳбарӣ мекард. Хадамотҳои махсуси Эрон, ба монанди сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, зери кӯшиши ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ яке аз тарроҳони аслии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, барои сарнагун сохтани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди ҷумҳурии исломӣ саҳм гузошта, фаъолияти таҳрибкоронаи худро ба роҳ монда буданд.

                                                                                                        Ш. ӮЛМАСОВ,

                                                                                                 собиқадори ҳизб

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>