Ба падидаҳои номатлуб бетараф набошем!

LOGO

Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, террористиву экстремистӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилони худ авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омодани оқибатҳои нохуш гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки ифротгароӣ байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан ҷавонон бештар паҳн гардида, оқибат ба вайронкорӣ ва оқибатҳои бадфарҷом оварда мерасонад.

Мо-ҷавонон аз воситаҳои электронӣ фаровон истифода менамоем ва хуб ҳам огоҳем, ки имрӯз дар давлатҳои дигари ҷаҳон бо иштироки гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ чӣ ҳодисаву воқеаҳои нангин рух дода истодааст. Афсӯс, ки байни онҳо ҳамсолон, ҳамватанони мо низ ҳастанд. Баъзан андеша мекунем, ки онҳо бо кадом фикр ба ин роҳ ба доми фиреби ифротиён афтодаанд. Наход, огаҳӣ надошта бошанд, ки  оқибати чунин амалҳои ғайриинсонӣ бо пушаймониву марг анҷом меёбад.

Аз ин рӯ, ҷавононро ҳамеша ҳушдор бояд сохт, ки аз чунин гурӯҳҳои ифротгаро худро ҳамеша эмин доранд ва доиман барои ҷилавгирӣ аз ин равандҳои номатлуби ҷомеаи муосир барканор набошанд.

Мастона КАРИМОВА,

раиси ташкилоти ибтидоии «Чашмаи Шаҳристон»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>