Мақомотҳои Эрон — тавлидкунандаи ташкилотҳои террористӣ

LOGO

Дар расонаҳои Амрико гузориш додаанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба руйхати созмонҳои террористӣ ворид кардааст. Ҳукуматдорони Эрон шомил кардани Сипоҳи посдорони инқилоб ба руйхати сиёҳро «хато андар хато» меҳисобанд. Лекин дар асл ин иқдоми ИМА саривақтист. Мушовири амнияти миллӣ Жон Болтон ва вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео бар он ақидаанд, ки иқдом метавонад тиҷорати сипоҳи посдоронро дар Аврупо ва минтақаҳои дигар боздорад. Агар ба таърих назар афканем, солҳои 90-уми асри гузашта, маҳз бо кирдорҳои ғаразноки роҳбарони ТТЭ ҲНИ Ҳ.Тӯраҷонзода ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар кишвари азизи мо нобасомониҳо бавуқӯъ пайваста, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Бархе аз роҳбарон ва аъзоёни ин ташкилоти террористӣ маҳз ба Ҷумҳурии Исломии Эрон рафта, дар он ҷо таълимоти динӣ-экстремистиро омӯхтанд ва хостанд ин кирдорҳои номатлуби хешро дар  Тоҷикистон амалӣ намоянд. Мардуми кишвар, ки мардуми бофарҳангу бомаърифат аст, бар зидди ин амалҳои ғаразнок мубориза бурда, дастболо шуданд.

 

Мастона КАРИМОВА,

раиси ташкилоти ибтидоии «Чашмаи Шаҳристон»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>