Ҷавонон бояд бидонанд!

LOGO

Ифротгароён дар давлатҳои аврупоӣ барои амалӣ намудани ниятҳои нопок аз ҳисоби ҷавононе, ки дар муҳоҷират мебошанд, бо ташвиқу тарғиби ҳаёти биҳиштӣ, гурӯҳҳои террористӣ ташкил карда, дафтарҳои дар хориҷа доштаашонро барои пурра намудани сафҳои ДИИШ ва гурӯҳҳои дигари террористии амалкунанда истифода мебаранд. Онҳо бо гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Ховари Наздик меҷанганд, шартномаю созишномаҳо имзо намуда, ба аъзои гурезаи наҳзат паноҳгоҳ медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди аъзои ТТЭ ҲНИ барои вайрон кардани тартиботи дохила ва иштирок дар ҷараёнҳои тундрави террористӣ-экстремистии ДИИШ, «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҷамоати таблиғ», «Гурӯҳи-24», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва ғайра боздошт шудаанд. Аз 1140 нафар ҷавони тоҷик, ки дар сафҳои ДИИШ меҷанганд, 521 нафараш аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд. Ин душманони миллат комёбиҳои мардуми шарафманди Тоҷикистонро чашми дидан надоранд. Онҳо бо афкори ғалату барои миллат бегона андешаҳои тундравона ва тахрибсозашонро дар ҷомеа мунташир кардан мехоҳанд.

 

Мавзуна ОРИПОВА,

аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагон Ватан”

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>