Вохӯрии судманд бо фаъолони ҲХДТ

010203

Дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқадорони ҳизб, ҷавонони фаъол ҷамъомад баргузор гардид.

 Дар ҷамъомад Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷалилов Анвар Расулович ва мудири шӯъбаи иттилот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Мирмуллоев Назирҷон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод Шарифов Туйғун ифтитоҳ намуда, аз самтҳои афзалиятноки ҲХДТ дар кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ гузориш дод.

Анвар Ҷалилов доир ба фаъолияти ҲХДТ нақши сазовори он дар пешрафти ҷомеаи рӯ ба рушди Тоҷикистон баромади пурмӯҳтаво ироа намуд. Номбурда аз масъалаҳои мубрами рӯз ёдовар шуда, ҳозиринро ба масъулиятнокиву фаъолнокӣ дар роҳи нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат ҳидоят кард. Қайд карда шуд, ки мавзӯи терроризм ва ифротгароӣ ташвишовар боқӣ монда ҳар як узви фаъоли ҳизбро месазад дар роҳи мубориза ба ин падидаи номатлуб бетараф набошад.

      Масъалаи даъват ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди назар қарор дода шуда, зикр гардид, ки дар роҳи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбият намудани ҷавонон аз самтҳои  фаъолияти Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

      Назирҷон Мирмуллоев дар баромади хеш доир бо тақвият бахшидани хабаррасонӣ иқдомҳои хешро баён кард.

 Дар фарҷоми чорабинӣ ба якчанд нафар ҷавонони фаъол аз коллеҷи политехникии ноҳия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>