АЁДАТИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

IMG-fbc36e8d20d90b6f857d5e9366429cc2-V

Бахшида 74-умин солгарди Иди Ғалаба бар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Акмалхон Қутбиддинов аёдат карда шуд. Матлубахон Амонзодаро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев ҳамроҳӣ кард.

Акмалхон Қутбиддинов 25-уми июли соли 1926 дар деҳаи Арғуи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Баланд таваллуд ёфтааст. Соли 1943 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, нахуст дар сафороии полки захиравии Самарқанд иштирок кардааст. Сипас, ба фронти 2-юми Украина равон шудааст. Мавсуф хизматро дар дивизияи 109, ки генерал Жуков фармондеҳи он буд, давом дода, ғалабаро дар Берлин пешвоз гирифтааст. Дар озод кардани давлатҳои Эстония, Чехословакия ва Руминия саҳм гузоштааст. Баъди ба итмом расидани ҶБВ хизмати ҳарбиро то соли 1951 баҳри мубориза бо давлати Япония дар Ҷумҳурии Халқии Чин адо кардааст.

Акмалхон Қутбиддинов ҳоло дар иҳотаи 6 фарзанд, 19 набера ва зиёда аз 20 абера даврони пирӣ меронад.

Ӯ аз ташрифи меҳмонон хеле хурсанд гашта, аз даврони босаодати рӯзгори худ шукргузорӣ намуд. Иброз дошт, ки чунин даврони тинҷиву оромиро надида буд ва сипоси беинтиҳои худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баён кард. Акмалхон Қутбиддинов даст ба дуо бардошта, тинҷию осудагӣ ва  рӯзгори осудаи  мардуми тоҷикро аз даргоҳи Худованд таманно намуд.IMG-1

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>