Фестивали бонувони вилоят

IMG_6904

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Фестивали бонувони вилоят таҳти унвони «Саҳми занони деҳот дар рушди ҷомеа» барпо гардид.

Бо ин мақсад як гурӯҳи бонувон фаъоли ҳизбии вилоят бо роҳбарии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ба Истаравшан ташриф оварданд.

Меҳмононро дар Майдони Нишони давлатӣ Раиси шаҳри Истаравшан, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Иноятзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев пазироӣ намуданд.

Фестивалро раиси шаҳр Баҳром Иноятзода ҳусни оғоз бахшид.IMG_6511

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Саҳми занони деҳот дар рушди ҷомеа» баромади пурмӯҳтаво кард. Зимни баромади худ Матлубахон Амонзода,аз ҷумла қайд кард, ки нуфузу эътибори ҳизб аз ҳар яки мову Шумо вобастагӣ дошта, бо як ҷумла, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан масъулияти баланд дорад. Ҳамсафони мо бояд бо интизом, рафтору кирдори намунавӣ, ватандӯстиву садоқатпешагӣ ба миллату давлат намунаи ибрат бошанд. Ҳамчунин, оид ба омодагиҳо ба интихоботи дар пешистода ва 25-солагии ҲХДТ ибрози назар кард.IMG_6543

Дар шаҳри Истаравшан баргузор шудани фестивали мазкурро баёнгари шаҳри куҳанбунёд ва аз даврони куҳан дорои ҳунарҳои беназири миллати тоҷик буданаш арзёбӣ намуд.

Чун рамзи ҳунару ҳунармандӣ, ки он муаррифгари шаҳри ҳунарҳо-Истаравшан аст, ба Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар вилояти Суғд Нишони кандакорикардашудаи ҲХДТ-ро Раиси шаҳр супорид.IMG_6577

IMG_6507Меҳмонон ба Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ рафта, бо ҳунари дастони толибилмони ин даргоҳи маърифат шинос шуданд.

Сипас, меҳмонон ба маҷмааи таърихӣ-фароғатии «Қалъаи Муғ» ташриф оварда, бо нигораҳои осорхонаи он аз наздик шинос гаштанд.

Дар саҳнаи чойхонаи «Чаманоро» бошад, меҳмононро ҳунармандони 10 ҷамоатҳои деҳот, омӯзгорону табибон пешвоз гирифта, эъҷоди дастони мӯъҷизаофари худро намоиш доданд, ки ба меҳмонон хеле писанд омад.

Дар дохили тарабхона махфили хеле гарму ҷӯшон бо иштироки занони фаъоли ҷамоатҳои деҳот барпо гардид. Бонувони деҳот бо ҳунари воло ва маҳорати баланди кадбонугии худ нишон доданд, ки дар рушди ҷомеа саҳми босазое доранд.

Муколамаи зани деҳотӣ ва шаҳрӣ, саҳнаҳо аз ҳаёти занони деҳот ва саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, баромади кишоварзону барандагон ва дӯзандагон ба иштирокчиёни фестивал хеле писанд омад.

Дар ин маҳфил низ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Амонзода баромад карда, ба бонувони ҳунарманд арзи сипос намуд ва ба кори фестивал анҷом бахшид.

Дар интиҳои фестивал ба иштирокчиёни фаъоли он Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан супорида шуданд.IMG_6611 IMG_6629 IMG_6634IMG_6916

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>