Кабирӣ ҷоҳилу золим аст!

LOGO

Яке мегӯяд, ки Кабирӣ ҷоҳил аст, дигаре мегӯяд, ки золим аст ва аз дигаре пурсон шавӣ мегӯяд, ки қотил аст. Дар асл бошад, Кабирӣ душмани ашаддии Ватан аст. Зеро як фарде, ки бар сари мардуми тоҷик ҳазорҳо борони фитнаро рехтаасту аз дасти ӯ чандон нафар  мардони барӯманди  диёр кушта шудаанд, варо инсон шуморидан хатост.

Агар ба таърих назар афканем, дастпарварони  Муҳиддин  Кабирӣ ва ҳизби ӯ обрӯю нуфузи Тоҷикистону тоҷикистониёнро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намуданд. Ӯ бо аъзоёни ба ном ҳизби наҳзати исломӣ ҳамагон дар асл хоину ватанфурӯши мебошанд. ТЭТ ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта як маротиба халқи тоҷикро бо ҳам ҷанг андохта, кишвари моро ба хоку хун оғӯшта кард.

Аз бесару сомониҳои кишвар истифода бурда, дар як муддати кӯтоҳ Муҳиддин Кабирӣ аз як фарзанди деҳқони оддӣ ба як шахси сарватманд табдил ёфт. Харидорӣ намудани  боғу токзор, фермаи чорводорӣ, техникаву дастгоҳҳои хоҷагӣ, корхонаҳои  асфалтбарорӣ ва якчанд мошинҳои гаронарзишу хонаҳои боҳашаматро соҳиб шуд. Аммо дере нагузашта ба ҳама маълум гардид, ки ин маблағҳои ҳангуфт аз куҷо ба даст омадааст. Ин ҳама найрангбозиву фитнаангезии Кабирӣ аз чашми  инсонҳои поквиҷдони тоҷик пӯшида намонд ва ниқоб аз рӯи Кабирӣ бардошта шуд.

Мегӯянд:

Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ёр мегардад.

Надонистам, ки саг хун мехӯрад, хунхор мегардад.

Агар  фитнабозиҳову иғвоангезиҳои чунин шахсон дар солҳои 90-уми асри гузашта намебуд, имрӯзҳо кишвари мо ба зинаҳои баландтарини тараққиёт ноил мегардиду дар байни дигар  кишварҳои пурқуввати ҷаҳонӣ ҷой мегирифт.

Аз ин рӯ, ба мо модарони лозим меояд, ки фарзандонамонро аз фирефта шудан бо чунин шахсон (ба монанди Кабирӣ) эмин дошта, барои тарбияи онҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем.

 

Нилуфар НОСИРОВА,

 корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>