Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ

LOGO

Дирўз тариқи  симои ҷумҳурӣ  маросими пазироии   кўдакони маъсумро, ки бо гуноҳи волидонашон дар Ироқи ҷангзада дар асорат қарор доштанд, бо ашки дидагон тамошо кардам. Бори дигар итминон ҳосил намудам, ки чӣ гуна бархе аз мардумони мо нодону гумроҳанд ва осон ба доми фиреби ифротгароён афтода, ҷони худро дар хатар мемонанд ва фарзандонро сарсону саргардон ва ятиму бепарастор мегузоранд.

Он тифлакон ҳеҷ гуноҳе надоранд ва барои ҷинояткории волидони гумроҳи хеш ҳаргиз ҷавобгар нестанд. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷик ҳастанд. Маҳз, ба ҳамин хотир, бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, гуфтушунидҳои зиёд бо мақомоти марбутаи Ироқ 84 нафар кўдаконе, ки волидонашон аз гумроҳӣ ба гурўҳҳои ифротӣ пайваста, дар ҷангҳои бемаънӣ кушта шудаанд ва ё дар ҳабс қарор доранд, ба Ватан баргардонида шуданд. Имрӯз онҳо дар паноҳу ғамхории  давлат қарор мегиранд.

Ин  тараҳҳум   бори дигар аз сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат башорат медиҳад ва барои онҳое, ки ба хотири кадом ғаразу мақсаде зану фарзандони худро ба доми бало афкандаанд  ва дар сар ҳавои гароиш  ба ҳизбу гурўҳҳои ифротӣ доранд, дарси ибрат хоҳад буд.

                                               Ҳамзира ЗАМОНОВА,

                    мудири бахши  омори  КИ ҲХДТ дар шаҳри  Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>