ЗАҲМАТИ ПАДАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

LOGO

Ҷанги ба ном Давлати Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар Ироқу Сурия барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ранҷу азияти хосро ба миён овард. Шумораи зиёди ҷавонони роҳгумзада аз қабили ҳамватанони мо низ чун қурбонии мағзшўии пурпечутобу маккоронаи хоҷагони фурсатталаб ва манфиатҷў, барои ширкат дар “ҷиҳод”-и дурӯғини онҳо ба ин ҷанг пайвастанд.

Аммо имрўз, ҳини фурў рафтан ва пароканда шудани лашкари ДИИШ, қисми зиёди онҳо кушта ва қисми дигар зиндониву овораву кўй ба кўй гаштаанд. Бадбахтии ин зумра бо ҳамин поён наёфт. Бархе аз ин гурўҳи роҳгум ба ин сафари шум ҳамсару фарзандони худро низ ҳамроҳ бурда буданд, ки акнун дар зиндону боздоштгоҳҳои давлати Ироқу Сурия нигоҳ дошта шудаанд.

Аммо аз аввали рўи кор омадани ин қазия, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кўдакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар натиҷа, муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳамаи ниҳодҳо рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Қабл аз ин рўйдоди хуш, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо судя ва узви Шӯрои додгоҳи олии Ироқ Ҳусом Абдукарим Юсуф, ки ваколатдори махсуси Додгоҳи олии Ироқ оид ба таҳқиқи парвандаи занон ва кӯдакони тоҷик мебошад, мулоқот дошт.

Дар рафти мулоқот роҳҳо ва масоили ҳуқуқие, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Ватан мусоидат мекунанд, дар фазои ҳусни тафоҳум баррасӣ шуданд. Намояндаи Додгоҳи олии Ироқ бо изҳори сипос аз талошҳои инсондӯстона ва таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қазияҳои занону кӯдакони тоҷик, ки тавассути шавҳарон ва ё волидони гумроҳ ба майдонҳои ҷанг дар Ироқ ва Сурия бурда шудаанд, омодагии мақомоти қазоии Ироқро ба ҳамкории наздик бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар наздиктарин фурсат ба Ватан баргардонидани кўдакони тоҷик таъкид карда буд.

Сафири Тоҷикистон, ҳамчунин, бо намояндагони Бунёди кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ироқ вазъи саломатӣ ва беҳтар намудани шароити будубоши кӯдакони тоҷик ва ҳамкориҳои ояндаро дар мавриди баргардонидани онҳо ба Ватан баррасӣ намуд. Қарор шуд, ки ҳамкорӣ ва иқдомҳои муштарак барои мушаххас намудани теъдоди занону кӯдакони тоҷик дар қаламрави Ироқ идома хоҳад ёфт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба ҳамаи ниҳодҳо изҳори сипос намуд.

Боиси ифтихор ва саодатмандист, ки мо халқи тоҷик чунин Пешвои баргузидаи илоҳиро сазовор гаштаем, ки шабонарўз дар талошу саъйи оромиву осудагии кишвар ба сар мебаранд. Ҳосили ҳамин талошу заҳамоти эшон буд, ки имрўз кўдакони маъсум бори охир бо сарзамини ҷангзада падруд гуфта, ба оғўши гарму меҳрубони Ватани маҳбубашон сар ворид намуданд.

Ғаюров Ҳ.Ш.

н.и.ф-м., дотсент, муовини

ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>