Баргузории мусобиқаи “Картингронӣ”

IMG_7563

Имрӯз дар бошишгоҳи варзишӣ-техникии “Формула К” –и шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба “Картингронӣ” доир гардид. Мусобиқаи мазкур дар ҳамоҳангӣ  бо Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд (КВТҶММ-и Суғд), Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Роҳи Сомон нафт” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии варзишӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, раиси КВТҶММ-и Суғд Акбар Ғанихӯҷаев, роҳбари ҶДММ “Роҳи Сомон нафт” Исмоилҷон Носиров, собиқадори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ТММ поковники мустаъфӣ Ҳусейн Афандихонов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  Наим Малик Исломӣ, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.

Чӣ тавре ки муовин оид ба корҳои ташкилӣ-оммавӣ ва ҳарбӣ-ватанпарастии  КВТҶММ-и Суғд Аҳмадхӯҷа Аҳмадов иброз намуд, мусобиқаи вилоятии “Картингронӣ” бахшида ба 74-умин солгарди Иди Ғалаба,  25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, он дар ду марҳила: тамрини расмӣ ва савқати давравӣ ҷараён мегирад.

Варзишгарони марҳилаи аввал дар дараҷаҳои “Пионер”, “Миллӣ” ва “KZ” ва марҳилаи дуюм дар дараҷаҳои “Мини”, “Наврас”, “Миллӣ” ва  “KZ” байни ҳам сабқат намуданд. Мусобиқаи варзишии мазкур хеле шавқовар доир гардида, мухлисону тамошобинонро ба шавқ овард ва хеле хубу хотирмон ба охир расид.

Доварон аз рӯи холҳои ба дастовардаи варзишгарон мақомҳои ишғолнамудаашонро муайян намуда, онҳоро муаррифӣ карданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ медал, диплом, сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КВТҶММ-и Суғд супорида шуданд.

Ду нафар сарбозе, ки хидмати Ватан-Модарро содиқона ба ҷо овардаанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд. Барои ҳамкории судманд Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  бо Сипоснома сарфароз карда шуданд.

Ҳамзамон, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, КВТҶММ-и Суғд ва ҶДММ “Роҳи Сомон нафт” бо Ифтихорномаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа сазовор гардиданд.

Мақсади баргузории чунин чорабиниҳоро миёни наврасону ҷавонон таблиғи тарзи ҳаёти солим, дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқат варзидан ба Ватану миллат, пешгирӣ аз ҳар гуна кирдорҳои ношоиставу ифротгароӣ арзёбӣ намуданд.

Чанд нафар аз иштирокчиёни мусобиқа иброз намуданд, ки шуғли доимӣ доштан ба варзиш яке аз омилҳоест, ки наврасону ҷавононро барои дур будан аз ҳар гуна амалҳои зишту манфур, бахусус, террористиву ифротгароӣ  нигоҳ дошта, онҳо тандурусту солимақл ба воя мерасанд. Номбардору парчамбардори Ватани азизи худ ва ифтихори миллат хоҳанд гардид.IMG_7380 IMG_7563 IMG_7733

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>