«Ватанпарвар» ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ

сурат

Дар озмуни ҷумҳуриявии «Ватанпарвар» ҷои якум насиби дастаи шаҳри Конибодом аз вилояти Суғд гардид.

Озмун дар қисми низомии 02615 воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 7 даста аз шаҳрҳои Душанбе, вилоятҳои Бадахшон,  Суғд ва Хатлон, инчунин шаҳрҳои Турсунзода, Дӯстӣ ва ноҳияи Рӯдакӣ қувваозмоӣ намуданд.

Ба ғолибон диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар ҳайати дастаҳо аз шаҳри Конибодом, асосан муҳассилини МТМУ №17 буданд. Онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ низ ширкат варзида, мақоми аввалро соҳиб гаштанд.

Сарвари муассисаи таҳсилоти иловагии назди раёсати маорифи шаҳр Дилором Иброҳимова қайд намуд, ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки  дастаи «Ватанпарвар» дар натиҷаи машқҳои пайваста, омӯзиши комил ва назорати омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ малакаю таҷрибаи хуб ҳосил намуда, тайи чанд сол аст, ки ҷойҳои ифтихориро соҳибӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>