Боздид аз собиқадорони ҷанг

IMG_2068

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент имрӯзҳо чаҳор нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Онҳо Истам Хақбердиев, Темир Зиёев, Саид  Бӯриев ва  Ҷамол Шарифов мебошанд, ки дар муҳорибаҳои хунини ҷанг  қаҳрамониҳо нишон додаанд. Баъди ғалаба ба ватан баргашта, дар ободии  шаҳру деҳоти Панҷакент низ саҳм гузоштаанд.

Раиси  КИ  ХХДТ дар  шаҳри Паҷакент  Мурод Шукурзода ҳар чаҳор нафарро дар ин рӯзҳо, ки ҳамагон аз ҷасорату мардонагии иштирокчиёни он ҷанги хунин ҳарф мезананд, аёдат кард. Барояшон тӯҳфаҳои идона тақдим карда, ба муносибати 74-умин солгарди Иди Ғалаба табрику муборакбод намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>