ҲУНАРУ ҲУНАРОМӮЗӢ МОЯИ ХУШБАХТӢ ВА САРФАРОЗӢ

1

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар солҳои охир ҳунарҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, рӯ ба пешрафту тараққӣ ниҳодааст. Бо иқдом ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳунарҳои мардумии аз ёдҳо фаромӯшшуда, бо услуби наву хоса аз нав эҳё шуда истодааст. Махсусан,  эълом гардидани солҳои 2019 -2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди соҳа таккони ҷиддӣ бахшид.  Дар доираи ин ташаббус бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ” вохӯрии муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева, сармуҳосиби кумиҷроия Дилбар Ҷаҳонгирова ва ҳунарманд, гирандаи Гранти Раиси вилоят Мавҷуда Ҳакимова  бо устодону донишҷӯёни коллеҷи санъат доир гардид.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева чорабиниро  ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ҳунару ҳунармандӣ мояи пешбурди зиндагӣ ва муаррифгари анъанаву ҳунарҳои миллӣ маҳсуб ёфта, имрӯз рӯ ба рушд ниҳодааст.

Мавҷуда Ҳакимова дар бораи эҳёи адрасу атласбофӣ сухан ронда, қайд кард, ки омӯзиши  ин ҳунарҳо дар дили инсон ҳисси зебоипарастиро бештар мегардонад. Ҳамзамон, афзуд, ки ҷалби бештари занони хонашини бешуғл ба Марказҳои ҳунар ва ҳунаромӯзиву бо ҷои кор таъмин гардидани онҳо сабаби беҳдошти вазъи иқтисодии онҳо шуда метавонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>