Вохӯри бо аҳолии деҳаҳои дурдасти ноҳия

вохури бо ахоли рӯ ба рӯ

Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Қодирӣ Рустам ва мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроия Примқулова Зебо ба яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳия, деҳаи Фирдавсӣ ташриф оварданд. Мақсад аз ташрифи намояндагони ҳизби ноҳия ва мулоқот бо сокинони он, шарҳу тавзеҳи дурусти иқдому ташаббусҳои роҳбарияти кишвар, роҳнамоӣ намудани ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини робитаи доимии мардум бо мақомотҳои давлатӣ мебошад.  Намояндагони ҳизб оиди дастовардҳои Истиқлолият, эълом гардидани солҳои 2019-2021 – Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  ҳар кас бояд аз хонаи худ сар карда,  кӯчаю маҳаллаи худро аз партовҳо тоза созад ва дар ободу зебо гардонидани маҳалли зист ҳисса гузорад. Дар назди ҳавлию кӯчаҳо шинонидану парвариш намудани гулҳои ороиширо махсус зикр карданд. Зикр карда шуд, ки ватандӯстӣ аз дӯст доштани зодгоҳ ва ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаву канори он оғоз меёбад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>