АЁДАТИ ДИЛОВАРОНИ ҶБВ

069

Ҳар як рӯзи сипаригашта моро ба 74-умин солгарди таҷлили Рӯзи Fалабаи оламшумул бар зидди фашистони истилогар наздик менамояд. Дар ин рӯзҳо намояндагони ташкилоту идораҳо ба табрик ва дидорбинии иштирокчиёни ҷанг мераванд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан низ тасмим гирифт, ки ба аёдати як қатор иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар гардад.

Аёдат аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳр Абдуваҳҳоб Қаюмов ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба ҷо оварда шуд. Онҳо пири рӯзгордида, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Зарҳалол Раҷаббой Набиевро аёдат намуданд. Ҳамчунин, Юсуф Оқилов, аз деҳаи Сӯфи Ориф, ки ӯ ҳам дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диловарона ҷангидааст, аёдат карда шуд.

Иштирокчиёни ҷанг аз ташрифи меҳмонон болидарӯҳ гашта, шукргузорӣ аз рӯзҳои тинҷу осоиштаи даврони истиқлолият намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар шаҳри Истаравшан 8 нафар иштирокчиёни ҶБВ умр ба сар бурда истодаанд ва аз ҳама куҳансолтарин дар байни онҳо Сулаймон Аюбови 98-сола мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>