Дар сӯҳбати ҷанговар

DSC_3692

Дар арафаи 74-умин солгарди Ғалаба бар фашизми гитлерӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Баҳриддин Зиёӣ истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Понғоз Исматулло Азимовро, ки ӯ яке аз иштирокчиёни фаъоли Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мебошад, аёдат кард.

Азимов Исматулло 13 марти соли 1943 дар қатори дигар ҳамдиёрон ба сафи Армияи Шӯравӣ дохил шудааст. Машқҳои омодагии ҳарбиро дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд гузаронида, 10 июни соли 1943 роҳи фронтро пеш гирифтааст. Дар полки 202-юми гвардияи Артиллерияи  сабуки ордени Александр Невскийдор хизмат кардааст. Дар ҳайати фронти 4-уми Украина барои озод кардани вилоятҳои Ворошиловград, Донбасс, Қрим ва Севастопол иштирок кардааст. Дар ҳайати фронти сеюми Белорусия низ иштирок кардаааст. Моҳи октябри соли 1944 ба Фронти якуми Украина ҳамроҳ шуда, дар озод намудани Украинаи Ғарбӣ ва  Полша ширкат намудааст. Моҳи декабри ҳамон сол аз дарёи Одер гузашта, дар озод кардани якчанд шаҳру деҳаҳои аҳолинишини Германия аз фашизми гитлерӣ ӯ ҳам иштирок доштааст.

Б.Зиёӣ ҳангоми сӯҳбат аз қаҳрамониҳои бемисли ин абармард ёдоварӣ намуда, афзуд, ки корномаи ҷангии ӯ барои насли имрӯза дарси матонату мардонагӣ ва ватандӯстист.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>