Мулоқот бо омӯзгорон

DSC_3081

Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Мӯътабар Мадаминова бо занону ҷавондухтарони фаъоли деҳаи Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошоба таҳти унвони “Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем”, мулоқот намуд. Мулоқот дар муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии рақами 49- баргузор гардид.

Зимни мулоқот Мӯътабар Мадаминова оид ба мавзӯи мазкур суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро гурӯҳҳои ифротиву иртиҷоӣ ба ташвиш овардаанд. Аз ин рӯ, ба қадри Истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои оливу муқаддаси давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳоро омӯзгорон, ки тарбиятгари насли наврас мебошанд, ба ҷавонону наврасон бояд талқин созанд.

Вазифаи асосии зиёиёни кишвар, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа бояд аз он иборат бошад, ки насли наврасу ҷавононро дар рӯҳияи дӯст доштани Ватан ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>