Иқдоми неки гурӯҳи “Созанда”

20190506_144537

Бо мақсади дидорбинӣ ва расонидани  ёрӣ ба корҳои хоҷагӣ  бахшида ба  74 — солагии Иди Ғалаба якчанд нафар аъзоёни гурӯҳи “Созанда”-и ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  ба хонаи яке аз иштирокчиёни ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Комилова Бозорҷон, ки истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷ. Мӯминови  Ҷамоати шаҳраки Шайдон мебошад, ташриф оварданд. Модари қаҳрамонро, ки дар ақибгоҳ барои кӯмак намудан ба ҷанговарон диловарона меҳнат кардааст, ба муносибати Иди Ғалаба табрик намуданд. 

Гурӯҳи “Созанда”  ба корҳои хоҷагии Бозорҷон Қомилова, аз қабили тозаю озода намудани манзили истиқоматӣ ва побел кардани қиъаи замини корам ёрӣ расониданд. Аз иқдоми неки аҳли гурӯҳ Бозорҷон Қобилова   хушҳол гашта, дасти дуо бардошт.

Зимни сӯҳбат бо наврасон Комилова Б. аз он рӯзҳои даҳшатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнати шабонарӯзӣ дар ақибгоҳ таҳти шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба!” ёдоварӣ кард.

Дар интиҳо барои дастгирии ҳамешагӣ дар ҳаққи роҳбарияти олии мамлакат ва тинҷиву осоиштагии Тоҷикистони азизамон дуои нек намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>