Ҷавонони Тоҷикистон созандаанд

55555

Ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳизбиён маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод пайваста бо наврасону ҷавонон вохӯриву мулоқот доир менамоянд.

Дар вохурии навбатӣ бо наврасону ҷавонони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳраки Зафаробод, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Туйғун Шарифов қайд намуд, ки воқеан, имрӯз ҷавонони кишвар бо фарҳангу дониш ва тафаккуру андеша созандагони ин кишвари биҳиштосо гардидаанд ва пайравони Пешвои миллат будани хешро собит намуда, дар шукуфоии Ватан пешсафанд.

Ҷавонон ва наврасони муассиса низ андешаҳои хешро баён намуда, аз дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ёдовар шуданд ва изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба якчанд нафар омӯзгорони фаъоли муассиса дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>