Зиндаву ҷовид монд, ҳаркӣ накӯном зист…

IMG_20190506_114358

Дар доираи ҳафтаи поси хотир дар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳри Конибодом якчанд чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ, варзишиву маънавӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Дар ташкилоти ибтидоии  “Қасри фарҳанги Бодом”низ чунин як  чорабинии бошукӯҳ бахшида ба 95-солагии адиби ҷанговар Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ва ба истиқболи 74-умин солгарди Иди Ғалаба баргузор гардид. Дар он намояндагон аз китобхонаи вилоятӣ, мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ – Фирӯза Шерматова, мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳр – Шӯҳрат  Каримзода, наздикону пайвандони Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, устодону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзиданд. Директори китобхонаи бачагонаи вилоятии ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ – Муаззама Расулова зимни баромади хеш аз хонандагон даъват ба амал овард, ки рӯ ба китобу китобхона оранд, то ҷаҳони маънавии худро сайқал диҳанд.  Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ба сухан баромада, ҳозиринро бо ин санаи муборак табрик намуд. Иштирокдорон перомуни маҳорати эҷодӣ ва иштирок дар набарду навиштани ҷавобияҳоро аз майдони ҷанг аз тарафи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ пеши назар оварда, барномаҳои фарҳангию тарбиявӣ намоиш доданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>