Пайванди наслҳо

IMG_5837

Имрӯз, 7-уми майи соли равон ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ва 20  Рўзи ҷавонӣ дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки фаъолону собиқадорони ҲХДТ, устодону донишҷўёни  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони “Пайванди наслҳо” чорабинӣ баргузор гардид.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода чорабиниро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 25–умин солгарди таъсиёбии ҲХДТ табрик намуда, дар бораи нақши бузургу созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пойдории ваҳдати миллӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, қадршиносии собиқадорони  ҲХДТ дар вилояти Суғд, ки барои ҷавонон намунаи ибратанд, маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур ба собиқадорони ҳизб аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд медали ҷашнӣ супорида шуд. М. Сатториён таъкид намуд, ки собиқадорон дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ такягоҳи боэътимод ҳастанд, зеро онҳо аз таҷрибаи бузург бархурдор буда, дар ҷомеа мақоми шоиста доранд. Сипас, аз ғамхориву таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон хотиррасон шуда, қайд кард, ки дастгирии ҷавонон дар сиёсати ҳизбу давлат ҷойгоҳи муҳимро касб мекунад, ҷиҳати рушди иҷтимоӣ, фаъолгардонии ҷавонон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию ифтихори миллии онҳо пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Шоистаи таъкид аст, ки соли 2011 бо дастуру ҳидоятҳои Раиси ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба фаъолият оғоз кард. Дар ин муддат ТҶҶ “Созандагони Ватан” тавонист ҷавонони фаъолро муттаҳид намояд.  Ҳамчунин, бо мақсади омода намудани ҷавонони донишманд мактаби бозомўзии кадрҳои захиравӣ созмон дода шуд, ки онро соли равон  беш аз 80 нафар омӯзгору донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят хатм намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба устодону донишҷӯёни мактабҳои олии вилоят ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҳаёти ҳизб миннатдорӣ баён намуд ва ба 80 нафар хатмкунандаи мактаби бозомӯзии кадрҳои захиравӣ дар вилояти Суғд шаҳодатнома тақдим кард.

Дар охир ду нафар хатмкардаи мактаби бозомӯзии захираи кадрҳо Маъруфхӯҷа Турсунов ва Дилфузахон Қаюмова изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои  ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварданд. Аз ин рӯ, моро мебояд пайваста омӯзем ва бо дарки масъулият сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Сарвари маҳбуби давлатамонро ҷонибдорӣ намуда, дар рушди кишвари азизамон хидмати шоиста намоем.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода умед намуд, ки ҷавонон бо ташаббусҳои наҷиб, талошҳои пайгирона ва дастовардҳои беназир дар рушду нумӯи  Ватани маҳбубамон саҳми босазо мегузоранд.IMG_5861 IMG_5907IMG_5950

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>