ТАШРЕҲИ РОҲИ РАСИДАН БА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

LOGO

Андешаҳо баъди мутолиаи мақолаи мўҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад – муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Ҳизби ормонҳои миллӣ»

Баъди мутолиаи навиштаи пурмўҳтавои мўҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад – муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — «Ҳизби ормонҳои миллӣ», бори дигар ба Барнома ва Оинномаи ҳизб назар дўхтам. Он ҷо ҳама аҳдофи ҳизб мўъҷаз баён шудааст, ки ҳамоҳанги орзуву омоли мардум ва давлати Тоҷикистон аст.

Дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки «Муҳимтарин самтҳои рушди мамлакат дар солҳои 2015-2025» унвон гирифтааст, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум аз ҳадафҳои умдаи ҳизб дар ин давра дониста шудааст.

Воқеъан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғоз расидан ба ин ҳадафҳоро пешорўи худ гузошта буд ва тўли бисту панҷ сол тавонист ҷомеаро дар ин роҳ сарҷамъу мўътақид ҳам намояд.

Муаллиф роҳи тайнамудаи ҳизбро дар ин муддати кўтоҳи таърихӣ таҳлил карда, ба хулосаи ҷолиб расидааст: «азҳоби сиёсие, ки барномаи худро бар асоси ақидаи маҳдуди сиёсӣ, мисли атеизм ё исломгароӣ роҳандозӣ намуданд, муваффақ нагардидаанд». Барҳақ, ҳизбе, ки расидан ба ормонҳои гурўҳҳои алоҳидаро пайгирӣ мекунад, наметавонад муваффақ бошад. Инро таҷрибаи ташкили чунин азҳоб ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам давлатҳои Шарқи миёнаю наздик собит сохтанд.

Баробари ин таъсиси ҳизби сиёсиро бар асоси манофеи гурўҳу қишрҳои алоҳидаи ҷомеа низ наметавон сарфи назар намуд. Инро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» низ кафолат медиҳад. Вале муҳим он аст, ки ин гурўҳ доираи васеи аҳли ҷомеаро аз қишрҳои гуногун атрофи идея ё ғояю мақсадҳои худ сарҷамъ карда тавонад.

Ба андешаи муаллиф таҳияи тарҳи бунёди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳз ормонҳои мардум, орзую омоли табақаҳои гуногуни ҷомеаро дар меҳвари худ қарор медод. Дурустии ин ғояро таҷрибаи биступанҷсолаи фаъолияти ҳизб дар фазои сиёсии Тоҷикистон собит намуд.

Андешаҳои муаллиф дар бораи он ки вожаҳои «рўшанфикр», «демократ», «ошкорбаёнӣ», ки дар оғоз дар назари аҳли ҷомеа маҳбубият доштанд ва баъдан бо ба бозии сиёсӣ пайвастани доираҳои тундгарои исломӣ ва сангарнишиниҳои таҳмилӣ дар зеҳни ҷомеа маънояшон дигар шуд, низ бозгўкунандаи воқеият аст ва ин раванд таҳлили боз ҳам амиқтарро аз ҷониби ҷомеашиносон тақозо дорад.

Муаллиф дуруст таъкид карда, ки то ҳанўз ин мафҳумҳои аслан арзишманд дар зеҳни теъдоде аз мардум сафед нашудаанд. Мутаассифона, имрўз воқеият чунин аст, ки ҳар ки ба равиши об бел намезанад, хоҳ олим аст ва ё адиб дар назари тундгароёни навзуҳур рўшанфикр ба маънои вайронкор талаққӣ мешавад. Ҳарчанд то замоне, ки мо қишри фаъоли ҷомеа, рўшанфикрони асилро дар атрофи ғояю ормонҳои миллӣ сарҷамъ насозем, аз нерўи зеҳнии онҳо ба манофеи миллӣ истифода нанамоем, расидан ба ҳадафҳоямон душвор мешавад.

Дар мақола аз тасмими шитобкоронаи роҳбари вақти Шўравӣ М. С. Горбачёв ва оқибатҳои он сухан рафта, аз ислоҳотгароёни муваффақ чун Ли Куан Ю, Моҳатҳар Муҳаммад, Ден Сяопин, ки на танҳо дар Сингапуру Малайзия ва Чин, балки дар арсаи ҷаҳонӣ таҷрибаашон омўзанда маҳсуб мешавад, ёд шудааст. Барҳақ, Горбачёв бо эълони «ошкорбаёнӣ» дар муҳите, ки ҳазорҳо «асрор» дошт, барои саргумӣ замина гузошт ва ба тавзеҳи сиёсатмадорони вақт шитобкорона давлати шўравиро ба киштие нишонд, ки фурудгоҳаш ҳанўз мушаххас ва рўшан набуд. Ва ниҳоят ин киштии бе роҳнамо ба ҷое нишаст, ки нишаст.

Тоҷикистон низ чун ҷузъе аз Шўравӣ вориди ҳамин киштии бе сарнишин буд ва ҷомеа ба ду қисмат ё гурўҳ, ки яке ғарбгарою исломгаро, дигаре консервативу шўравипараст буданд, ҷудо шуд ва оқибат ҷомеаи моро бо таҳрики давлатҳои манфиатдор ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ нишонд. Таъсири ин муқобилият ва бархурди маънавию рўҳониро, ки аз арзишҳои миллӣ дур аст, имрўз низ эҳсос менамоем. Ин маъниро низ муаллиф мўшикофона ба риштаи таҳлил кашидааст. Воқеан, ибораи «демократҳои исломӣ», ки он замон роиҷ буд, бори маънӣ намекашид ва то ҳанўз бо демократия созиш кардани исломгароёнро надидаем.

Хулосаи муаллиф дар мавриди таассуфи бархе, ки мегўянд чаро дар заминаи ҳизби коммунист, бо тағйири ном ҳизб таъсис надодем, низ омўзанда аст. Воқеан, чаро ин ақида рўи кор наомад? «Дар ин ҳол зарурати таъсиси ҳизби наве, ки мебоист арзишҳои дунявӣ ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду ҷавҳараш аз арзишҳои

миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад» — натиҷагирӣ кардааст муаллиф. Ва ин ҳизб бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тўли фаъолияти чорякасрааш собит сохт, ки ба арзишу мақсадҳое, ки муассисонаш гиромӣ медоштанд, содиқ аст ва онҳоро пайгирона амалӣ менамояд. Хизби коммунист,ки ба арзишҳои миллӣ арҷ намегузошт,наметавонист дархури манофеи миллии мо бошад.

Муаллиф аз таҷрибаи давлатдории шахсиятҳои бузурге, дар Аврупою Осиё ва Амрико ёд карда, таъкид менамояд, ки онҳо «дунболи ягон таълимот нарафтаанд ва ё тарҳи носанҷидаро пайгирӣ накардаанд, балки вобаста ба вазъ ва воқеият кор гирифтаанд ва Пешвои миллат, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ҳамин роҳро пеш гирифт, арзишҳову манофеи миллиро чун қутбнамо пешорўйи худ қарор дод».

Албатта, наметавон тўли 28 сол, ки назди таърих андаке беш нест ва қисмати ин солҳо бо кашмакашҳо, ҷанги шаҳрвандии шармовару зиёновар сипарӣ шудааст, бо мероси ночизи аз Шўравӣ бозмонда, ба ҳама ормонҳо расидагӣ кард. Вале агар даст болои сина монда, иқрор шавем бо роҳнамоии сорбоне чун Пешвои миллат, сафинаи мо роҳ ба сўи қутби мурод пеш гирифтааст.

Инро муаллиф бо далелҳои қотеъ ва мушаххас аз арҷгузорӣ ба фарзандони фарзонаи миллат, бунёди роҳу пулу нақбҳо,нерўгоҳҳои барқӣ,равобити ҳасана бо мамолики наздику дур ,ки Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат пайгирӣ менамоянд, собит сохтааст. Барҳақ, ин роҳро аксари кулли мардуми Тоҷикистон ва дўстони мо ҷонибдорӣ мекунанд ва масъулону фаъолони ҳизб тавре муаллиф менигорад, дар соли 25 – солагии ҳизб бояд ин роҳу арзишҳо ва манофеи миллатро, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз онҳо ҳимоят мекунад ва барои расидан талош дорад, ба мардум шарҳу тавзеҳ диҳанд.

Ин ҷо мехоҳам мулоҳизаи нафареро, ки на ба ҳама равандҳои ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар хушбин аст, ба ёд оварем:- Агар барои ман интихоби ду роҳ зарур афтад — яке ҳокимияти исломгароён ва дигаре ҳукумати кунунӣ, ман ба яқин ҷонибдори Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳастам.

Мурод ШУКУРЗОДА,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Т. СОЛЕҲЗОДА, рўзноманигор,

роҳбари дафтари матбуоти КИ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>