Вохӯрӣ бо фаъолон

DSC_0103

Тибқи  дастури Раиси  вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят мулоқоти гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби адибон ва  зиёиён бо фаъолон роҳандозӣ мегардад.

Санаи 7- уми майи соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳайати муовини якуми Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят-Бобоева Мавҷуда Валиевна, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон ва  сармуҳаррири маҷаллаи вилоятии “Паёми Суғд” шоири маъруф Толиби Озарахш бо фаъолони ҷамоати деҳоти Айнӣ   барпо гардид. Раиси ноҳия Муродзода Муқим бо сухани муқаддимавӣ ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшида, намояндагонро хайрамақдам ва муаррифӣ намуд. Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Шарифзода Аминҷон оид ба мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастовардҳои даврони Истиқлолият, татбиқи амалии эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, даъват ба хизмати Модар-Ватан, пешгирии ҳолатҳои бекоршавии ақди никоҳ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро ва гурӯҳҳои экстремистӣ баромад намуд. Шоири маҳбуб Озарахш оид ба хизмат ба Ватан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ сухан ронда, дар васфи Ватани маҳбуб шеърҳо қироат намуд. Ҳамзамон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Қобилзода Абдуғанӣ доир ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” суханронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>