Танзим – кафили шоистаи зиндагии мардум

ахбори-сиёси

Бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ,   мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроия Примқулова Зебо ва аъзоёни фаъол дар ташкилоти ибтидоии “Бӯраген” таҳти мавзӯи “Қонуни танзим — кафили шоистаи зиндагии мардум” ахбори сиёсӣ гузаронида шуд.

Зимни мулоқот бо мардум иштирокчиён оид ба муҳимтарин самтҳои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва расму оинҳо” сухан ронданд.

Қайд карда шуд, ки бо шарофати амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва татбиқи стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум буд, дар амал татбиқ гардид. Аҳолӣ моҳияти камхарҷ гузаронидани маросиму маъракаҳоро ба хубӣ дарк намуданд. Муносибати онҳо доир ба сарфакорона баргузор намудани маросиму маъракаҳо ба куллӣ дигаргун гардида, мардум аз амалӣ шудани қонуни мазкур изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>