Шахсони арзанда аъзои ҳизб мешаванд

DSC_3144

Бо мақсади зиёд намудани сафи ҳизб аз ҳисоби шахсони соҳибтаҷриба, барӯманд ва фаъолону пешсафон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои тарғиботиро ҷоннок намуда, ҷиҳати дарёфт ва қабули шахсони арзандаву содиқ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Масуълини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  М. Мадаминова ва Д. Мӯсоев дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Ҷигдаи Ҷамоати деҳоти Ифтихор оиди ҷалби омӯзгорону кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа, махсусан ҷавонон нисбати қабул ба сафи ҲХДТ корҳои фаҳмондадеҳӣ доир намуданд.

Зимни корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла, зикр карда шуд, ки аъзои ҲХДТ имрӯзҳо баҳри рушди бемайлони ҷомеа талош меварзанд. Сипас, бобати фаъолияти ҲХДТ дар асоси Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дигар масъалаҳо вобаста ба узвият сӯҳбати инфиродӣ ба амал оварда шуд.

Ҳамин тариқ, дар натиҷаи корбарӣ 38 нафар аризаҳои худро барои қабул шудан ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>