Дар ҳалқаи қаҳрамон

DSC_3706

Аъзоёни фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ашт бахшида ба 74-солагии Рӯзи Ғалаба алайҳи фашистони истилогар аёдати пири рӯзгордида, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Понғоз Азимов Исматуллои 94-соларо ба ҷо оварданд.

Иштирокчии ҷанг Азимов И. аз ташрифи наврасони ҳизбӣ рӯҳбаланд гардида, бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатӣ ва шукуфоиву тараққиёти борсуръати Тоҷикистони азиз нақлҳо аз он рӯзҳои пурдаҳшати ҷангӣ намуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Исматулло Азимов дар овони 18-солагӣ ихтиёран барои ҳимояи Ватан рафта, дар озод кардани якчанд шаҳру деҳаҳои Германия аз фашистон иштирок намудааст.

Ҳамин тариқ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз сӯҳбати ин родмарди бузург як ҷаҳон маъниҳо ва таассуроти нек гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар ноҳияи Ашт 10 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар бурда истодаанд ва таърихи зинда аз он давраҳои вазнини ҷангӣ маҳсуб меёбанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>