Варзиш солимии ҷомеа

010

Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи варзиш бахшида ба 25- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тибқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар байни донишҷӯёни литсеи касбӣ – техникии ноҳияи Зафаробод спартакиадаи ноҳиявӣ ташкил ва баргузор гардид.

Спартакиада аз рӯи намудҳои давидан ба масофаи 100 ва 400 метр, тенниси рӯйи мизӣ, шашка, шоҳмот гузаронида шуд.

Маросими ҷамъбасти даври аввали спартакиадаи ноҳиявӣ дар саҳни МДТ ЛКТСК –и ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷамъбасти спартакиада муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рӯзибой Ашӯров иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки таваҷҷӯҳи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас, оммавӣ гардонии варзиш баланд аст. Рӯз то рӯз теъдоди иншоотҳои варзишӣ зиёд шуда, иштироки ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ сол аз сол афзуда истодаанд.

Ғолибони даври аввали спартакиада ба даври дуюм – вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>