Ҳизбиён дар иди касбӣ

2

Дар толори маҷлисгоҳи Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба муносибати Иди кормандони соҳаи алоқа ва почта баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, табрикоти раиси Кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаварро ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расониданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ фаъолони ҲХДТ, ки дар амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ғояҳои дурандешона ва ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муносиб мегузоранд, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>