Поянда бод, сулҳ!

IMG_20190508_131239

Ба муносибати 74-солагии иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар тамоми ташкилоту муассисаҳои шаҳри Конибодом тантанаву чорабиниҳо баргузор шуда истодааст. Шуҷоату мардонагии падарону бобоён дар майдони ҷанг намунаи ибрат ва мактаби далерию мардонагиест, ки ҳисси ватандӯстиро дар дили насли ҷавон бедор месозад. Дар муассисаи таълимии № 49 ба номи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ Рӯзи Ғалабаро бо ифтихор аз сулҳу суботи кишвар таҷлил намуданд. Хонандагон аз лаҳзаҳои майдони муҳориба бар зидди фашизм корнамоиҳои қаҳрамонони даврони ҷангро тариқи саҳнаву лавҳаҳо, шеъру қиссаҳо нишон доданд. Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова иштирок ва баромад намуда, ҳозиринро бо Иди Ғалаба шодбош кард. Ҳамчунин, ҷомеаи омӯзгорону  хонандагонро барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ бо сипосномаи кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ сарфароз гардонид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>