Гузоштани санги асос ба бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ

IMG_7841

Имрӯз, 8 майи соли ҷорӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод. Мавсуф нахуст  ба аёдати як гурӯҳ собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ба муносибати фарорасии 74-солагии Ғалаба табрик гуфт ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Собиқадорон бо шукргузорӣ аз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти олии мамлакат, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тинҷиву осоиштагии кишвари соҳибистиқлол ба Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ Матлубахон Амонзода  изҳори сипос намуданд.

Сипас, Сатториён Матлубахон Амонзода бо лоиҳаи бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ шинос гардида, бо ҳамроҳии Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ва дигар фаъолони ҳизб санги асоси бинои мазкур ва нома ба наслҳои ояндаро гузошт.

Зимни сӯҳбат бо вакилони маҷлиси ноҳиявӣ, собиқадорон, раисони ташкилоти ибтидоӣ ва дигар аъзои ҳизб, ки дар ин маросими таърихӣ иштирок доштанд, Сатториён Матлубахон Амонзода аз ғамхорию таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба вусъат бахшидани корҳои созандагӣ ва саҳм гузоштан дар рушди устувори кишвар ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ тӯҳфаи хубест ба 25-солагии ҳизб ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Лозим ба ёдоварист, ки бинои мазкур тибқи лоиҳа аз 2 ошёна, 5 ҳуҷраи корӣ ва 1 маҷлисгоҳ иборат буда, маблағи бунёди лоиҳавии он 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Бинои мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва фаъолони ҳизб бунёд гардида, дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирад.IMG_7828IMG_7832IMG_7766

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>