Вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоати Оббурдон

IMG_7995

Баъд аз анҷоми гузоштани санги асос ва сӯҳбату вохӯрӣ бо фаъолон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон мулоқоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ва Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бо фаъолони ҳизб ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор шуд.

Сараввал Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода вохӯриро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва мақсаду мӯҳтавои мулоқотро шарҳ дод.

Саттториён Матлубахон Амонзода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни суханронии пурмӯҳтаво оид ба таърихи пуршарафи ҲХДТ ва дастовардҳои он дар тӯли 25 соли мавҷудияташ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли бисту панҷ соли фаъолияти шоиставу пурсамари худ ба ҳизби маҳбуби халқу ҷомеа табдил ёфта, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи нуктаҳои оинномавию барномавии худ баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз ва таъмини саодату хушбахтии сокинони он саҳми бузург мегузорад.

Дар идомаи суханронии худ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, доир ба нақши ҲХДТ дар самти дастгирии ҷавонон сухан гуфта, иброз дошт, ки яке аз бахшҳои муҳими Барномаи ҲХДТ «Дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ» унвон дорад.

-         Дар Барномаи мазкур аз ҷумла зикр шудааст: «Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти ҲХДТ қарор дода мешавад.

ҲХДТ минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун ояндаи миллату давлат, нерӯи тавоно, созанда ва ташаббускор таваҷҷӯҳ карда, барои амалӣ шудани иқдомҳои бунёдкоронаи онҳо кӯшиш менамояд ва тавассути намояндагони худ аз тариқи мақомоти қонунгузор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқиро таҳия мекунад», — таъкид кард Сатториён М. А. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд.

Дар идома, роҳбари вилоятии ҲХДТ фаъолияти кумиҷроияи ноҳиявиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, масъулинро барои ислоҳи баъзе камбудиҳо ва зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби қишри солимфикр ва пешбарандаи ҷомеа таъкид кард.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода низ дар тақвияти суханони Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд изҳор дошт, ки пайвастан ба сафи аъзои ҳизбе, ки роҳбарии онро бевосита абармарди таърихи муосири Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд, мояи ифтихору шараф аст.

Зимни музокира Саидҷаъфар Азизов – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Зуҳурбек Зуҳуров – омӯзгори МТМУ №6 ва Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов – иштирокчии ҶБВ ҷавононро ба донишомӯзию ватандӯстӣ ва иҷрои қарзи фарзандии худ – хизмат ба Модар – Ватан даъват карданд.

Дар охири чорабинӣ ба як гурӯҳ ҷавонон, ки барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ ариза дода буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба 10 нафар фаъолон Сипосномаҳо супурда шуданд. Ҳамчунин, ба варзишгари ҷавон Кристина Пронженко, ки дар шаҳри Доҳаи Қатар дар давидан рекорди миллӣ гузошта буд, тӯҳфаи махсуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд супурда шуд. Ба иштирокчии ҶБВ Кӯчакбоқӣ Муллоҷонов низ тӯҳфаи хотиравии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим гардид.IMG_7993IMG_8073

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>