Иштирокчиёни ҶБВ дар мадди назари ҳизбиён

20190508_113836

Тибқи нақша-чорабинии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бо роҳбарии раиси кумитаи ҳизбии ноҳиявӣ Ойбек Насруллозода  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аёдат карда шуданд. Боиси таассуф аст, ки дар қаламрави ноҳия аз шумораи ин  абармардон танҳо се нафар — Абдувалӣ Холматов аз Ҷамоати Хуррамзамин, Абдулло Ҷӯраев аз Ҷамоати Навкат ва Назирбобо  Қобилов аз Ҷамоати Истиқлол боқӣ мондааст, ки имрӯз дар иҳотаи фарзандон ва набераву аберагон даврони пирӣ меронанд. Раиси   кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен О. Насруллозода  бо 74-умин солгарди Иди Ғалаба аз номи роҳбарияти Олии ҲХДТ иштирокчиёни ҷангро табрику шодбош гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравии кумитаи иҷроияро супорид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>