Ғалабаи бузург ҳаётбахш буд.

665444

Дар ноҳия Зафаробод бо иштироки сокинони ноҳия, собиқадорони меҳнат, нафароне, ки дар ақибгоҳ хизмат кардаанд, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, чорабинии тантанавӣ бахшида ба 74 – солагии ҷашни Ғалаба баргузор гардид.  

Дар майдони «Сутуни Ёдбуд» — и маркази ноҳия гулҳои тарутоза ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гузошта шуда бо дақиқаи хомушӣ корнамоиҳои шаҳидони роҳи озодӣ ба ёд оварда шуд.

Сипас, табрикоти Раиси вилояти Суғд аз ҷониби муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода ва табрикоти Раиси ноҳия Раҷаб Ашӯрзода ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Қайд карда шуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз мудҳиштарин дар таърих ба ҳисоб рафта, қаҳрамониҳою мардонагӣ ва ҷонфидоиҳои халқҳои шуравӣ фашизмро торумор кард. Ин қаҳрамониҳо ба ҳаёти осоишта асос гузошт. Дар ин қатор фарзандони далеру шӯҷои Тоҷикистон низ хеле зиёданд, ки корнамоиҳои онҳо ба насли имрӯз дарси шуҷоату ватандорист.

Дар ҳаёти хурраму даврони соҳибистиқлолии  мо қайд намудан нотиқон месазад, ки аз фидокориҳои  бобоёни хеш ифтихор кунем.

Тантанаҳои Ғалабаи бузург бо сайру гашти идона ва руҳияи баланд идома ёфт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>