Бузургдошти Иди Ғалаба

20190508_121454

Бахшида ба 74 — солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ дар мактаби №6-и Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иштироки омӯзгорону хонандагон чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур мутахассиси бахши омор Азиза Шукурова ва сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Умеда Муҳитдинова иштирок ва баромад намуданд. Дар суханронии худ Умеда Муҳитдинова ҳозиринро бо 74-умин солгарди  Иди Ғалаба ва 25-солагии ҲХДТ  табрик гуфта, зикр намуд,  ки  дар Ҷанги Бузурги Ватани 44 нафар шарҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ соҳиб гардидаанд ва номи онҳо дар қалби мо абадӣ хоҳад монд.  Дар  давоми чорабинӣ  аз тарафи хонандагон дар бораи талофотҳои ҶБВ маълумот дода шуда, чорабинии фарҳангӣ пешкаши тамошобинон карда шуд. Дар охири чорабинии мазкур  ба 20 нафар навкаъзоёни ҳизб  дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои  ҳизби супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>