Таҷлили Рӯзи Ғалаба

DSC_4660

Тантанаи таҷлили 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гулчамбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи «Аскари номаълум» бо иштироки  Раиси ноҳия Салимзода Комил, сардори Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бахтиёр Эҳсонзода, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, роҳбарони мақомоти қудратӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни фаъоли ҳизб, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва фаъолони ноҳия оғоз гардид.

Раиси ноҳия Салимзода Комил ва сардори раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Бахтиёр Эҳсонзода оиди қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони далеру шуҷои Тоҷикистон дар ҷанг ва дар ақибгоҳ дар он солҳои мудҳиш суханронӣ намуда, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати 74-солагии Ғалаба бар фашизм табрику муборакбод намуданд. Ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи Раиси ноҳия тӯҳфаҳои  моддии яквақтаина супорида шуд.

Инчунин, барои болидахотирии мардуми ноҳия аз ҷониби бахши «Фарҳанг»-и ноҳия барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>