Тантанаҳои идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба

DSC_3822

Бахшида ба 74-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  май бо иштироки Раиси ноҳия, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва як қатор роҳбарони корхонаву ташкилотҳои ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.

Дар оғоз баҳри гиромидошти хотираи неки шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди пайкараҳои “Модари маҳзун” ва “Поси хотири шаҳидони Афғонистон” гулчанбару гулдастаҳо гузошта шуд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар маросими гулчанбаргузорӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаълона ширкат варзиданд.

Баъдан дар муассисаи давлатии театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов барномаи театрикунонидашуда ба ҳозирин пешкаш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>