ДОНИШ БАР ЗИДДИ ҶАҲОЛАТ

IMG_2288

Ҳар боре, ки ба таърихи миллати тоҷик назар меандозем, симои фарзандони барўманди халқ пеши назар меоянд, ки мо бо номи онҳо метавонем, воқеан, ифтихор намоем. Беруниву Сино, Ал- Хоразмиву Хайём, Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ва даҳҳо нафар бузургони мо илмро ба авҷи аъло расонида буданд. Ситорашиносиву ҳандаса, тиббу риёзиёт, фалсафаву мантиқ ва дигар илмҳои дақиқ  самараи меҳнати фарзандони миллати тоҷик аст. Китоби «Ал — Қонун» — и Сино ҳазор сол аст, ки сармашқи табибони олам мебошад. Месазад, ки имрўз мо худ илм омўзем ва фарзандонамонро ба омўзиши илм ҳидоят намоем, киштиҳои кайҳониро ба фазо барорем, ихтирооти нав ба нав дар соҳаи гуногуни илм дошта бошем.

Дар ин маврид Мавлоно Ҷалолидини  Балх  фармудааст :

То тавони илм омўз, эй писар,

Обрў бахшад туро ҳамчун гуҳар.

Ту аз ин савдо намебинӣ зиён,

Зуд ёбӣ суди вофир дар ҷаҳон

Бузургон омўзиши илмро дар мадди аввал гузоштаанд ва амал карданро фарз медонистанд Имоми аъзам мефармоянд: «Ҳар кас илмро ба хотири амал биомўзад, дар он баракат хосил шуда, дар қалбаш русух хоҳад намуд ва дигарон аз илми ў баҳра хоҳанд бурд.»  Бинобар ин, омўзиши илм аз рўзи аввали пайдоиши одам зарурият дошт ва бе донишомўзӣ ва ҷамъ намудани он тараққиёт ва пешравии аҳли башарият ғайри имкон аст. Илм дар ҳаёти одам мақоми хосае дорад. Инсони ҳақиқиро зарур аст, ки илм омўзад ва дониш андўзад, зеро илмомўзӣ дараҷаи баланди мақоми ҷамъиятии шахсро таъмин мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки устод Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ  фармудаанд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В — аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ба яқин онҳое, ки аз илми дунявӣ ва динӣ низ баҳрае набурдаанд, даст ба ғорату куштор мезананд, ба ботлоқи ҷаҳолат фурӯ рафтаанд, ба хотири манфиатҳои абарқудратон дар Афғонистону Ироқу Сурия хуни ҳамкешони худро мерезанд.

Шерзод РАҲМАТОВ,

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо

кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент   

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>