Ҷашнгирии Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Гулистон

IMG_20190509_083457

Санаи 9 майи соли равон дар майдони “Шаҳидон” чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Ғалаба” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур бо сардори Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода, иштирокчиёни ақибгоҳ, коркунони КИ ҲХДТ шаҳрӣ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”  фаъолон, аъзоёни ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ,  собиқадорон, занону ҷавонон аз ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар қисми тантанавӣ Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ва намоянда аз вилояти Суғд иштирокчиёни чорабиниро бо                          74-солагии Рӯзи Ғалаба шодбош намуданд. Лаҳзаи хомушӣ, поси хотири қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон гардид. Сипас, бо роҳпаймоӣ таҳти оҳанги “Полки зинда” ба ҳайкали шаҳидон гулчамбарҳо  гузошта шуда, қаҳрамонон ёдоварӣ карда шуданд. Чорабинӣ бо як рӯҳияи баланди идона ва шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>