Ҷанги Бузурги Ватанӣ — намунаи садоқат ба Ватан

IMG_2353

Таҳти ҳамин унвон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо иштироки собиқадорони меҳнат, ки дар ақибгоҳи ҷанг заҳмат кашидаанд, ҳамоиш доир гардид.  Дар ҳамоиш омӯзгорони варзида ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки ҳамоиши мазкур ба ифтихори Рӯзи Ғалаба бахшида шуда, дар он раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Мурод Шукурзода дар бораи ҷойгоҳи ин муҳориба баҳри раҳоии инсоният аз вабои фашизм, қаҳрамонии ҷанговарон чун намунаи садоқат ба Ватан сухан ронд.

Роҳбари дафтари матбуоти кумиҷроия  Турдибой Солеҳзода, аъзоёни Шӯрои собиқадорони назди кумиҷроия, собиқадори меҳнат, рӯзноманигор  Нуралӣ Дӯсталиев, ки наврасиаш дар замони ҷанг гузаштааст, омӯзгорони варзида, Маҳбуба Ҳабибӣ, Маҳмадмурод  Шодиев ва дигарон аз қаҳрамониҳои фиристодагони шаҳри Панҷакент дар набардҳо, заҳмати занону  наврасон дар   ақибгоҳ  ёдоварӣ намуданд ва  ин иқдоми КИ-и ҳизбро  арзандаи ситоиш донистанд.

Дар заминаи ин ҳамоиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроия дар симои маҳаллӣ барномаи ҷолиб таҳия ва пахш карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>