Маҳфили “Ватанпарвар”

IMG_20190507_113156

Бо ташаббуси шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар толори  варзишии ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” бахшида ба   74-умин солгарди  Рӯзи Ғалаба ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, меҳанпарастӣ, омода намудан  баҳри хизмат ба Ватан бо роҳбарии омӯзгори омодагии ибтидои ҳарбӣ Ҳаким Ҳоҷибоев маҳфили “Ватанпарвар” ташкил ва баргузор карда шуд.  Мудири шӯъбаи кор бо занон, мутахассиси пешбар оид ба таблиғот ва иттилоот дар чорабинӣ ширкат варзида, дар оғоз қайд намуд, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб, дар ҷомеа  оғоз ёфта, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Бояд ҳар як ҷавон пас аз хатми мактаб, хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа шуморад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро меомӯзанд.

Сипас,  аъзоёни маҳфил машқҳои ҳарбӣ-варзиширо аз рӯи намудҳои  сафороӣ, пӯшидани ниқоб, бардоштани штанга, ҷаҳидан ба дарозӣ, кори ҳамшафқатӣ, ба қисмҳо ҷудо кардани автоматро бо чусту чолокӣ намоиш доданд.

Аз рӯи шартҳои озмун ғолибон муайян гардида, бо ифтихорномаҳо сарфарозонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>