Маҳфили «Хушдилон» дар байни ҷавонон

17

Силсилачорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва тарғиботӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод идома дорад.

Маҳфили “Хушдилон” аз шумори чунин чорабиниҳост. Дар даври навбатии он, ки бо ибтикори бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» -и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия роҳандозӣ гардидааст, зиёда аз 500 нафар ҷавонон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҷамъ омаданд. Баробари муаррифии маҳорату ҳунарашон иштирокчиёни маҳфил иброз доштанд, ки  дар хизмати ин Ватани азиз ҳамеша омода ҳастанд. Қайд карда шуд, ки имрӯз барои зиндагиву хониши насли ҷавон беҳтарин шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Туйғун Шарифов – раиси Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар суханронии худ зикр намуд, ки ҷавонон ва насли наврасро зарур аст, ки бо рафтори шоиставу дониши хубу аъло ва касбу кори худ номбардору парчамбардори Тоҷикистон бошанд. Дӯстдори Ватан бошанд, муқадассот ва арзишҳои миллиро эҳтиром намоянд.

Ҷавонон бо чунин фазилатҳо пайравони содиқи Пешвои миллат будани худро бояд исбот намоянд, афзуд Туйғун Шарифов – раиси Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>