Озмуни расми беҳтарин: “Мо дар ёд дорем ва фаромӯш нахоҳем кард”

IMG_20190507_115427

Тибқи нақшаи ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон бо мақсади ташаккули малакаи эҷодӣ, бедор намудани шавқу  ҳавас ба рассомӣ, посдории хотираи шаҳидон, ҷасорату мардонагии иштирокчиёни ҷанг, тарбия намудани инсони комил, ҳимоятгари Ватан ва дарёфти соҳибистеъдодҳои нав байни ҷавондухтарону ҷавонписарон  озмуни расми  беҳтарин таҳти унвони “Мо дар ёд дорем ва фаромӯш нахоҳем кард” бахшида ба Рӯзи  Ғалаба ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар рафти озмун мудири шуъбаи кор бо занони Кумиҷроияи шаҳрӣ Муяссара Раҳимова ва мутахассиси пешбар оид ба тарғибот ва иттилоот Мадина Шодиева иштирок намуданд. Озмун аз тарафи ҳакамон ҷамъбаст гардида, беҳтаринҳо бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>